Нашри эъломияи моликияти мансабдорон лозим аст ё не?
Пас аз чанд соли баҳс, Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон тасмим дорад, эъломияи дороии мансабдоронро барои ҷомеа пешниҳод кунад. Маоши кам, вале сарвату дороии баъзе аз мансабдорон шубҳаро дар бораи шаффофияти кори онҳо ба миён гузоштааст.