Аз Тоҷикистон хостанд, парвандаи Рухшона Ҳакимоваро бекор кунад
Як созмони муътабари байнулмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки парвандаи зидди рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро бекор кунанд. Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар) рӯзи 29-уми январ дар изҳороте гуфт, рӯзноманигорон барои фаъолиятҳои худ набояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.