Оқибати фармони Трамп барои паноҳҷӯёни афғонистонӣ
Фармони Доналд Трамп дар бораи манъи барномаи қабули муҳоҷирон ба Амрико, садҳо муҳоҷири афғонро, ки дархости паноҳандагиашон пазируфта шуда буд, ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Бино ба иттилои як созмони кӯчбандӣ, тақрибан 1660 паноҳандаи афғон аз ҳаққи парвоз ба Амрико маҳрум хоҳанд шуд.