Зуком ё вируси нав? Шикоятҳо аз "ҳарорату бемадорӣ ва беиштиҳоӣ"
Ба гуфтаи баъзе аз пизишкон дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон, давоми даҳ рӯзи охир муроҷиати сокинон аз зуком ва бемориҳоии дигари роҳҳои нафас зиёд шудааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ба кишвар ягон вируси нав ворид нашудааст.