Дархости наздикони Аҳмади Иброҳим аз мақомот
Хешовандони Аҳмади Иброҳим, сардабири маҳкумшудаи нашрияи "Пайк", аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки ӯро аз боздошт раҳо ва ҳукмашро бекор кунанд. Додгоҳи шаҳри Кӯлоб рӯзи 10-уми январ ӯро бо гуноҳи "ришвадиҳӣ", "тамаъҷӯӣ" ва "ифротгароӣ" ба даҳ сол зиндон маҳкум кард.