Дархости як соҳибкор аз президенти Тоҷикистон
Соҳибкор Дилором Ҳасанова даъво дорад, ки масъулони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тиҷораташро аз ӯ гирифта, ба моликони бозори “Фаровон” доданиянд. Ин бозор зери итоати ширкати “Сомон Суғд” аст. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар гузашта маълум карда буд, ки решаи он ба наздикони раисҷумҳур мерасад.