Табибони русро ба назди бемори тоҷик роҳ надоданд
Рафтори мақомоти интизомӣ дар фурудгоҳи Шереметево хашми мусофиронро барангехт. Бо вуҷуди бад шудани аҳволи як зани бемори тоҷик, ки барои табобат ба Русия рафтааст, мақомот иҷоза надодаанд, ки табибон ӯро сари вақт муоина карда, ба шифохона баранд.