Чаро Эмомалӣ Раҳмон зуд-зуд ба кишварҳои арабӣ меравад?
Сафарҳои пайдарпайи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ ин суолҳоро барангехтааст, ки ҳадаф аз ин чист? Ҷалби сармояи кишварҳои сарватманди арабӣ ва ё нишон додани ҳамраъйии Тоҷикистон бо кишварҳои мусулмонон дар масоили байналмилалӣ?