Дар фурудгоҳҳои Маскав тартиби нави вуруд ба Русия ҷорӣ мешавад
Сар аз 1-уми декабри соли равон, дар фурудгоҳҳои Маскав ба таври санҷишӣ гирифтани изи ангушт ва акси хориҷиҳо ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Александр Горовой, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия ба нашрияи “Комерсант” хабар додааст.