Аз хурдӣ дар Амрико таҳсил кардан мехоҳед?
Аз пайдо шудани барномае, ки ҷавонони тоҷик аз тариқи он барои таҳсил ба Амрико мераванд, 30 сол гузашт. Садҳо ҷавони тоҷик ба ин васила имкони таҳсил дар Амрикоро пайдо карданд. Дар ҳамоише дар Душанбе онҳое, ки аз тариқи ин барнома барои хондан ба Иёлоти Муттаҳида рафта буданд, ҷамъ омаданд.