"Ваъда доданд, ки бар ивази 30 ҳазор ба Амрико мебаранд"
Дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо гумони қаллобӣ ду касро боздошт кардаанд. Онҳо ба чанд нафар ваъда додаанд, ки тавассути Мексика ба ИМА мебаранд. Дар бораи боздошти гумонбарон додситонии кулли Узбекистон рӯзи 12 июл хабар дод.
