Қурби риёли Эрон дар баробари доллар ба сатҳи поинтарин расид
Қурби пули миллии Эрон дар муқобили доллари Амрико ба поинтарин сатҳ расидааст. Ин ҳодиса баъди бунбаст дар музокироти эҳёи созиши ҳастаии соли 2015 ба вуқуъ пайваст.
