Ҳолатҳои гирифторӣ ба СOVID-19 дар Хуҷанд дубора афзудааст. Мақомот сабабашро гуфтанд
Дар як ҳафтаи охир гирифторӣ ба бемории СOVID-19 дар миёни сокинони шаҳри Хуҷанд дубора рӯ ба афзоиш овардааст. Ин нуктаро 12-уми июл дар ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав баён карданд.
