ru24.pro

World News in Tajik

Новости от Russia24.pro

Russia24.pro Каталог
Февраль
2026
1 2 3 4 5 6 7 8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28

Все новости

Медали аввалини Тоҷикистон дар Paris Grand Slam

Ozodi.org 

Муҳиддин Асадуллоев, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар аввалин мусобиқаи имсолаи сайри ҷаҳонии ҷудо - Paris Grand Slam 2026, ки дар пойтахти Фаронса ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.

Масъалаи ворис. Рамазон Қодировро кӣ иваз хоҳад кард?

Ozodi.org 

Ворисӣ ба тахт дар Русия ҳеч гоҳ сода набудааст. Дар Чеченистони тобеи он аз он ҳам печидатар. Ин мавзуъ дар пасманзари гуё бад шудани вазъи саломати Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, доғ шуд. Қодиров ҳанӯз 50-сола нест ва зиёда аз бист сол боз Чеченистонро идора мекунад.

Камолиддини Беҳзод - Леонардо да Винчии шарқ аст

Ozodi.org 

Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал сабки суратнигории Беҳзод, яке аз мусаввирони бузурги мардуми форсизабонро ба мероси фарҳангии ҷаҳон шомил кард. Аммо дар зодгоҳаш дар Ҳирот, ки Толибон дар он фармонфармоӣ мекунанд, на намоишгоҳе мондааст ва на ҷое, ки пайравони ҳунари ӯ озодона кор кунанд.

Як муовини нави вазир барои вазоратхонаҳои Тоҷикистон илова мешавад

Ozodi.org 

Дар ҳама вазоратҳои Тоҷикистон ғайр аз муовинони феълии вазир, боз як муовини дигар таъин хоҳад шуд, ки вазифааш ба рақамикунонӣ нигаронида мешавад. Дар ин бора Хуршед Мирзо, раиси Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ рӯзи 6-уми феврал дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дода, афзуд, ки чунин амал ба манфиати кор аст. “Дар ҷаласаи васеи ҳукумат роҳбари давлат супориш доданд, ки дар ҳама вазоратҳо як муовини дигар таъин шавад, ки фақат масъули рақамикунонӣ бошад, ки ҳам барои пешравӣ ва гузариши рақамӣ мусоидат мекунад. Читать дальше...

"Камолиддини Беҳзод ҳунари миниатюраро ба чизи дигаре табдил дод"

Ozodi.org 

Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал сабки суратнигории Камолиддини Беҳзод, яке аз мусаввирони бузурги мардуми форсизабонро ба мероси ғайримоддӣ ва фарҳангии ҷаҳон шомил кард. Аммо дар зодгоҳаш дар Ҳироти имрӯз, ки Толибон дар он фармонфармоӣ мекунанд, на намоишгоҳе мондааст ва на ҷое, ки пайравони ҳунари миниатюрнигории ӯ озодона кор кунанд. Ҳирот, ватани Беҳзод, наққоши маъруфи мардуми форсизабон аст. Чандсад сол баъд аз сари ӯ ҳунармандони ин шаҳр аз эътирофи сабки Камолиддини Беҳзод ба ҳайси... Читать дальше...

Оҷонсии инноватсияи Тоҷикистон: Бе суръату сифати интернет пешрафт мушкил аст

Ozodi.org 

Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон суръат ва сифати интернетро дар кишвар яке аз мушкилиҳои соҳа арзёбӣ кард. Дар Тоҷикистон танқид аз сифати пасти интернет ва нархи гарони он чандин сол аст вуҷуд дорад, вале зоҳиран, ҳалли худро намеёбад. Хуршед Мирзо, раиси Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал дар ҷараёни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “самти мо бо ин бисёр вобастагии зич дорад ва гузариши рақамӣ бе суръату сифати интернет ғайриимкон аст. Читать дальше...

Довталабон барои мизбонии Ҷоми футболи Осиё-2031 эълон шуданд

Ozodi.org 

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) рӯйхати ниҳоии довталабонро барои баргузор кардани Ҷоми футболи Осиё-2031 тасдиқ кард. Чунонки сомонаи расмии AFC хабар додааст, ба рӯйхати ниҳоии кишварҳое, ки барои баргузории Ҷоми Осиё-2031 доталабанд, Австралия, Ҳиндустон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, инчунин дархости муштарак аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон дохил шудаанд. Конфедератсияи футболи Осиё мизбони Ҷоми Осиё-2031-ро имсол эълон хоҳад кард. Бояд зикр намуд, дар ҳамин ҳол дар шаҳри Душанбе... Читать дальше...

Дар Узбекистон мехоҳанд барои фаҳшу ҳақорат дар интернет ҷазо ҷорӣ кунанд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон барои нашр ва истифодаи дашному ҳақорат дар интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ базудӣ ҷазо ба шакли ҷарима ва ҳабс ҷорӣ мешавад. Тарҳи қонун дар ин замина дар хониши аввал дар Олий Маҷлис ё парлумони Узбекистон қабул шуд. Дар ин бора рӯзи 7 феврал дар телеграм-канали парлумон хабар дода шудааст. Вакилони маҷлиси Узбекистон барои нашри алфози қабеҳ дар интернет ҷарима дар ҳаҷми 5 миллион сӯм ё 400 доллар ва ҳам ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати то 10 шабонарӯзро дуруст мешуморанд. Вакилон мегӯянд... Читать дальше...

"Физик дарси математика медиҳад. Ин нодуруст". Дар Тоҷикистон садҳо омӯзгор аз ихтисоси дигар дарс медиҳанд

Ozodi.org 

Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар садҳо мактаби Тоҷикистон мушкили камбуди омӯзгорро ошкор намудааст. Ба иттилои ин ниҳод, даҳҳо мактаби ҳамагонӣ дар саросари кишвар мушкили норасоии омӯзгор доранд ва мактабҳо барои ҳалли ин мушкил аз кӯмаки омӯзгорони ихтисосҳои дигар истифода мекунанд, ки ин чиз ба сифати таълим таъсир мерасонад. Як ҳафта пеш аз ин изҳорот мақомоти вазорати маорифи Тоҷикистон вуҷуди мушкили камбуди омӯзгорон дар мактабҳои ҳамагониро рад карда буданд. Читать дальше...

Мақомот мегӯянд, норасоии омӯзгорон “ҳал шудааст”

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон, ки солҳост ба омӯзгор, бахусус омӯзгорони илмҳои дақиқ намерасад, мақомот мегӯянд, ин мушкилӣ тақрибан рафъ шудааст. Ба қавли онҳо, ҳоло дарси бачаҳои мардум бе муаллим намегузарад ва агар муаллим кам ҳам бошад ба ҳадди солҳои пеш нест.