Кишварҳои аврупоӣ эҳтимолан барои муҳоҷирон дар Африқо марказ месозанд
Олмон, Ҳоланд, Австрия, Дания ва Юнон созиш карданд, ки марказеро барои муҳоҷирон дар хориҷ аз қаламрави Иттиҳоди Аврупо таъсис диҳанд. Танос Плеврис, вазири муҳоҷирати Юнон рӯзи 20 феврал гуфт, муҳоҷироне, ки дархости паноҳандагиашон рад шудааст ва кишварҳое, ки онҳо аз онҷо ба Аврупо омадаанд ва онҳоро намепазиранд, ба маркази нав фиристода хоҳанд шуд. Тибқи гузоришҳо, ин марказ эҳтимолан дар Африқо таъсис хоҳад шуд, аммо намояндагони панҷ кишвари аврупоӣ қарор аст ин ҳафта дар ин бора гуфтугӯ кунанд. Читать дальше...
