Маъракаи хона ба хона баъди кушта шудани панҷ кӯдак аз сӯи модаронашон
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, ки баъд аз марги 5 кӯдак ба дасти модаронашон барои корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 20 ҳазор хона рафтаанд. Зариф Назрӣ, раиси ноҳияи Фархор аввали моҳи август дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ин гуруҳ намояндаи пулис, кишоварӣ ва бахши кор бо занон шомил буданд.