ru24.pro
World News
Февраль
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25
26
27
28

Чаро тоҷирони тоҷик ба кишвари ҳамсоя мераванд?

0

Теъдоди корхонаҳо бо сармояи соҳибкорони тоҷик дар Узбекистон давоми се моҳи ахир 53 адад зиёд шудааст.

Тибқи иттилои Оҷонсии омори Узбекистон, феълан дар ин кишвар 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷикистонӣ кор мекунанд. Моҳи ноябри соли гузашта, теъдоди ин корхонаҳо 357 адад буд.

Омори расмии Узбекистон нишон медиҳад, ки баъди соли 2024 ҳузури соҳибкорони тоҷик дар кишвари ҳамсоя рӯ ба афзоиш аст.

Барои намуна, аввали соли 2024 дар Узбекистон ҳамагӣ 278 корхона бо сармояи тоҷикистониҳо кор мекард ва ҳоло теъдоди онҳо аз 400 адад гузаштааст.

Соҳибкорони тоҷик дар Узбекистон асосан дар бахши савдо, саноат ва сохтмон кор мекардаанд. Ҳамчунин 33 ширкати тоҷикикистониҳо дар бахши алоқа дар Узбекистон кор мекардаанд.

Мақомоти Узбекистон нагуфтаанд, ки сабаби зиёд шудани ҳузури соҳибкорони тоҷик дар он кишвар чист.

Баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон зиёд будани молиёт ё андоз дар Тоҷикистон ва фишору санҷишҳои зиёд ба соҳибкоронро аз сабабҳои рӯ ба кишвари ҳамсоя овардани тоҷирон медонанд.