Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, нависандаи халқии Тоҷикистон
Кароматуллоҳи Мирзо, нависандаи халқии Тоҷикистон шоми 20-уми октябр дар 83 – солагӣ даргузашт. Ҳамкоронаш дар Фейсбук ин хабарро нашр карда, аммо дар бора сабабҳои марги Кароматуллоҳи Мирзо чизе нагуфтаанд.
Ба гуфтаи наздиконаш, маросими видоъ бо нависанда дар зодгоҳаш деҳаи Нилкони ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад.
Кароматуллоҳи Мирзо барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ буд ва асарҳои зиёде иншо кардааст.
Маъруфтарин осори ӯ китобҳои "Дар орзуи падар" ва "Марги бегуноҳ" аст, ки аз рӯи ҳардуи онҳо филм таҳия шудааст.