Бозорҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон дар интизори муштарӣ аз кишварҳои ҳамдигар
Тоҷирони бозорҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон интизори омадани харидор аз кишварҳои ҳамсояашон ҳастанд. Дар яке аз бозорҳои воқеъ дар Тоҷикистон, бо гузашти ду моҳ аз боз шудани марз боре ҳам мизоҷҳои қирғизтаборро надидаанд.
