Чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора паст шуд?
Қурби доллари амрикоӣ дар баробари асъори миллии сомонӣ ба таври назаррас поён рафтааст. Субҳи 21-уми апрел тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, 100 доллари ИМА ба 1071 сомонӣ баробар аст. Се рӯз пеш 100 доллар 1081 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби доллар дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон аз ин ҳам пастар аст. Субҳи имрӯз дар бонкҳои тиҷоратӣ 100 доллари амрикоӣ аз 1045 то 1055 сомонӣ арзиш дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ ҳанӯз сабаби якбора паст шудани қурби доллар дар баробари асъори сомониро шарҳ надодаанд.
Маъмулан дар Тоҷикистон ҳар бор, ки қурби доллари ИМА боло равад, бисёр молу маҳсулот ва хадамот гарон мешаванд. Аммо сокинон шикоят доранд, ки агар қурби доллар паст шавад, нархҳо поён намераванд.
Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон вазъи асъори хориҷиро ба тақвияти пули миллӣ низ рабт медиҳанд, ба сурати умум бозори пули Тоҷикистон аз қурби рублу доллар ва юани Чин бастагии зиёд дорад.
