Ниҳодҳои Косово як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд
				
																	
								
				Мақомоти Косово шаҳрванди Тоҷикистон, Ситора Атомамадоваро боздошт кардаанд ва ба ӯ хатари ихроҷ аз Косово таҳдид мекунад. Вакили ҳуқуқии ӯ мегӯяд, зидди Ситора ҳеч иттиҳоми расмӣ эълон нашудааст. Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 5-уми ноябр гуфтанд, Атомамадова дар ҷосусӣ ба манфиати Русия гумонбар мешавад.				
			
			
			
			
						
						
						
					
		