Боздошти қариб 40 муҳоҷир дар Красноярск
Пулиси Русия дар ду қаҳвахонаи Красноярск ҳудуди 40 муҳоҷирро боздошт кардааст. Ба 18 нафари онҳо хатари ронда шудан аз Русия таҳдид мекунад. Ин шабу рӯз дар аксар гӯшаҳои Русия амалиёти зидди муҳоҷирон идома дорад. Онҳоро дар хобгоҳу ошхона ва маҳалли корашон ҷустуҷӯву тафтиш мекунанд.