Муштариёни "Айфон" дар Русия 4 баробар зиёд шудаанд
Бо вуҷуди таҳрим ва манъи истифодаи "Айфон" дар ниҳодҳои давлатии Русия, харидории он дар 9 моҳаи авали соли равон дар ин кишвар 4 баробар афзудааст. "Ведомости" бо истинод ба пойгоҳи "Тендерплан" хабар додааст, ки дар ин давра ба маблағи 6.88 миллион рубл "Айфон" харидорӣ шудааст.