СММ гуфт, сатҳи дониши бачаҳо дар Тоҷикистон поин рафтааст
Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки сатҳи донишандӯзӣ дар Тоҷикистон поин рафтааст. Дар як гузориш барномаи Рушди Созмони Миллал гуфтааст, ки Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи поин қарор дорад. Баъзе аз сокинон мегӯянд, баръакс талош барои донишомӯзӣ афзоиш ёфтааст.