Сарнавишти норӯшани Аҳмад Иброҳим
Аз боздошти Аҳмади Иброҳим - сардабири нашрияи мустақили "Пайк" ва ҳам масдуд шудани кори ин расона як моҳ гузашт. Маълум нест ӯ дар чӣ шароит нигаҳдорӣ мешавад. Мақомоти додситонии Кӯлоб гуфтанд, ки ӯро бо иттиҳоми пешниҳоди пора дастгир карданд.