Мухолифати Чин ва Русия ба қатъномаи СММ зидди Толибон
Қарор буд Шӯрои Амнияти СММ рӯзи биступанҷуми август барои маҳкум кардани қонуни нави "амр ба маъруф"-и Толибон дар бораи занон, қатънома содир кунад, вале акнун дида мешавад, ки ихтилоф миёни аъзои ин Шӯро монеи қабул шудани ин қатънома шудааст.