Даргирии сахттарин миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ". Радду бадали ҷонибҳо
“Ҳизбуллоҳ”, як гурӯҳи мусаллаҳ дар Лубнон, ки Амрико созмони террористӣ медонад, рӯзи 25-уми август ба сӯйи Исроил садҳо мушак сар дод. Мақомоти исроилӣ гуфтанд, ки пешдастӣ карданд ва қабл аз оғози мушакборон бо сад ҳавопаймо ба қароргоҳҳои “Ҳизбуллоҳ” зарба заданд.