Зубайдуллоҳи Розиқро дар шифохонаи зиндон бистарӣ кардаанд
Зубайдуллоҳи Розиқ, узви пешини раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро дар бемористон зиндони шаҳри Ваҳдат бистарӣ кардаанд. Мақомот ва наздиконаш гуфтанд, ин рӯҳонии 80-сола мубталои бемории дил аст ва як ҳафта боз маризияш шиддат гирифта.