Муҳаммад Юнус роҳбари давлати муваққати Бангладеш
Муҳаммад Юнус, иқтисоддон ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел роҳбари давлати муваққати Бангладеш эълон шуд. Шайх Ҳасина, нахуствазири собиқи ин кишвар дар пайи эътирозҳои густурда 5-уми август истеъфо дода, аз Бангладеш фирор кард.