Мунтахаби Тоҷикистон дар нимфинали Ҷоми Мердека бо Лубнон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байнулмилалӣ барои Ҷоми Мердека (Ҷоми Истиқлол), ки аз 4-ум то 8-уми сентябри соли равон дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад, бо тими миллии Лубнон бозӣ мекунад.