"Барқи тоҷик": То "Роғун" пурра сохта нашавад, "лимит" аз байн намеравад
Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, то нерӯгоҳи "Роғун" пурра ба кор надарояд, лимити барқ дар кишвар боқӣ мемонад. Ин посух баъд аз он садо дод, ки хабарнигорон 6-уми август аз масъулини "Барқи тоҷик" пурсиданд, лимити барқ кай аз байн меравад.