Ҳодисаи "Крокус" таваҷҷуҳи донишҷӯёни тоҷикро ба Русия кам кард?
Дар Тоҷикистон имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ ва коллеҷҳо шуруъ шуд. Тибқи омори Маркази милли тестӣ, баръакси соли гузашта имсол шумораи хоҳишмандони таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон зиёд шудааст. Як сабаби ин вазъ камтар шудани орзумандони таҳсил дар хориҷа, махсусан Русия будааст.