Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон 2024 омода мешавад
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри имсол дар Узбекистон баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.
