Як зани сиёҳпуст роҳбари Ҳизби муҳофизакори Бритониё шуд
Фаъолони Ҳизби муҳофизакор рӯзи 2-юми ноябр Кеми Баденоки 44-соларо ҳамчун раиси нав интихоб карданд. Ӯ дар ҳукумати қаблии Бритониё вазири саноат ва савдо буд. Баденок аввалин зани сиёҳпуст аст, ки роҳбари Ҳизби муҳофизакор мешавад.